Дар доираи барномаи будубош дар Бухоро музокироти сатҳи олӣ баргузор гардид.

Меҳмони олимақом ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мақбараи Баҳоуддин Нақшбанд ва ёдгориҳои таърихии Бухорои қадимро боздид намуд.

Ба роҳбарон инчунин маркази вазъиятии ҳокимияти вилоят, лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ ва фаъолияти корхонаи саноатӣ муаррифӣ гардиданд.

Пас аз анҷоми чорабиниҳо, дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро меҳмони олимақомро роҳбари кишвари мо гусел кард.

Бо ҳамин Президенти кишвари мо сафари худро ба Бухоро анҷом дода, ба Тошканд баргашт.