Дар чорабинӣ роҳбари давлат ҳозиринро самимона ба
муносибати бузургтарин ва азизтарин ҷашн – 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии
Ӯзбекистон табрик гуфт.
– 35 сол аз нигоҳи таърих муҳлати кӯтоҳ аст. Аммо муболиға
нахоҳад буд, агар бигӯем, ки солҳои сипаришуда аз рӯи миқёс, дастовардҳо ва
натиҷаҳои худ ба як асри комил арзанда буданд, – таъкид кард сарвари давлат.
Тавре Президенти кишвар таъкид намуд, муаллифи аслии ин
дигаргуниҳо мардуми меҳнатдӯст ва наҷиби мо мебошад.
Арзиши ҳақиқии истиқлолият дар меҳнати созандаи ҳамватанони
мо – фермерон ва деҳқононе, ки дар деҳот фаровонӣ ва некӯаҳволӣ фароҳам меоранд,
омӯзгорон ва устодоне, ки насли наврасро тарбия ва таълим медиҳанд, табибоне,
ки ҷони инсонҳоро наҷот медиҳанд, олимоне, ки рӯи ғояҳо ва кашфиётҳои нав кор
мекунанд, саноатчиён ва соҳибкороне, ки корхонаҳои муосир бунёд менамоянд, зоҳир
мегардад.
Ҳамчунин саҳми сохтмончиён ва меъморон, ки шаҳрҳо ва деҳотро
обод мекунанд, намояндагони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва варзиш, инчунин хидматчиёни
давлатӣ, ки моҳият ва натиҷаҳои ислоҳотро ба ҳар маҳалла ва ҳар оила
мерасонанд, махсус таъкид гардид. Нақши намояндагони насли калонсол ва фаъолони
маҳаллаҳо, ки мардумро дар маҳалҳо дар атрофи ҳадафҳои нек муттаҳид мекунанд,
инчунин хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки сулҳу осоишро
дар кишвар таъмин менамоянд, низ қайд карда шуд.
Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвар беш аз 160
миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб гардида, ҳаҷми иқтисодиёт беш аз 2,5
баробар афзоиш ёфтааст. Имсол ҳадаф гузошта шудааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти
дохилӣ ба беш аз 180 миллиард доллар расонида шавад. Дар соҳаҳои саноат, хидматрасонӣ
ва кишоварзӣ 5 миллиону 700 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст.
Бо иштироки давлат ва бахши хусусӣ мактабҳо барои 1
миллиону 500 ҳазор ҷой, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 342 ҳазор ҷой ва
беморхонаҳо барои 62 ҳазор ҷой сохта шудаанд. Дар маҷмӯъ 83 ҳазор километр роҳҳои
истифодаи умум ва роҳҳои дохилӣ сохтаву таъмир гардиданд. Бори аввал 8 миллион
нафар бо оби нӯшокии мутамарказ таъмин шуда, таъминоти оби нӯшокӣ барои боз
11,5 миллион нафар беҳтар гардид. Дар
даҳ соли охир 650 ҳазор оила соҳиби манзили нав шуданд.
–
Бузургтарин натиҷаи Ӯзбекистони нав –
зиндагии тағйирёфта, шаҳрванде, ки ба қувваи худ бовар дорад ва ҷомеае мебошад,
ки худро дар ояндаи кишвар шарик эҳсос мекунад, – гуфт Президент.
Барои саҳми
назаррас дар ин дигаргуниҳои нек 558 нафар ҳамватанони фидокор ба муносибати
35-солагии истиқлолият бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардиданд.
– Ман роҳи
пурпечутоби меҳнатии ҳар яки шуморо, дастовардҳо ва саҳми шоистаи шуморо дар
рушди кишварамон хуб медонам, –
таъкид кард Президент.
Дар байни шахсони
сарфарозшуда Рустам Султонов низ ҳаст, ки солҳои зиёд дар корҳои созандагӣ дар
вилояти Хоразм саҳм гузошта, имрӯз намояндагони насли калонсолро роҳнамоӣ
мекунад. Ҳамчунин собиқадори меҳнат Абдусаттор Қурбонов, ки тамоми ҳаёти худро
ба азхудкунии заминҳои даштӣ ва рушди кишоварзӣ дар вилояти Сурхондарё
бахшидааст, қадрдонӣ гардид.
Ба Гуломжон Туронов, ки солҳои зиёд ба ҳайси пӯлодгудоз
дар Комбинати металлургии Бекобод фаъолият мекунад, додани унвони фахрии
«Корманди шоистаи саноат» баҳои баланди меҳнати тамоми ҷамоаи металлургҳо
гардид.
Меҳнати Ислом Зиёвуддинов аз Намангон, ки дар пахтакорӣ
ва ғаллакорӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шуда, мактаби худро таъсис додааст, Ҷамила
Худойбердиева аз Бухоро, ки ҳамасола дар кирмакпарварӣ ҳосили баланд ба даст
меорад, Эсенбой Айтимуратов аз Қароқалпоқистон, ки технологияҳои пешрафтаро дар
чорводорӣ ҷорӣ намуда, соҳаи зотпарвариро рушд медиҳад, инчунин обмони самарқандӣ
Асланкул Каримқулов, ки дар коҳиш додани талафоти об ва ҷорӣ намудани низомҳои
сарфакунандаи энергия саҳм мегузорад, низ шоиста қадрдонӣ гардид.
Президенти кишвар таъкид намуд, ки меҳнат ва ҷасорати ҳар
як шахсе, ки бо мукофоти давлатӣ сарфароз шудааст, сазовори эътирофи махсус
мебошад.
Сарвари давлат инчунин ҳамватанонеро, ки дар ин рӯзҳо дар
маҳалҳо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо мегиранд, самимона табрик намуд.
Дар ҷараёни маросим роҳбари кишвар мукофотҳоро ба соҳибони
онҳо бо тантана супорид.