Дар оғози суҳбат
роҳбари давлати мо Президенти Қазоқистонро ба муносибати баргузории бомуваффақияти
нахустин интихобот дар таърихи кишвар ба Қурултойи якпалатагӣ самимона табрик
гуфт.
Изҳори итминон
карда шуд, ки Қурултойи нав омили муҳими пешбурди пайвастаи ислоҳот дар Қазоқистон
гардида, заминаи қонунгузории самараноки тағйироти васеъмиқёсро таъмин менамояд
ва ба рушди устувори кишвар такони нав мебахшад.
Зимни суҳбат
сарони давлатҳо аз рушди босуръати муносибатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон дар
доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ба густариши
минбаъдаи тиҷорати мутақобила, афзоиши ҳамкории саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои
муштараки сармоягузорӣ, рушди робитаҳои нақлиётиву логистикӣ, инчунин фароҳам
овардани имкониятҳои нав барои фаъолсозии робитаҳои тиҷоратӣ миёни минтақаҳои
ду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Роҳбарони давлатҳо
ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули
назар карданд.