Зимни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Барномаи рушди СММ дар самти рушди устувор ва муқовимат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд. Ба татбиқи амалии Барномаи нави кишварии Барномаи рушди СММ то соли 2030 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Тамоюли мусбати шарикӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Дар панҷ соли охир беш аз 100 лоиҳаи муштарак ба маблағи умумии зиёда аз 120 миллион доллар амалӣ гардида, ҳаҷми умумии ҳамкориҳо аз 550 миллион доллар гузаштааст.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои фаъолгардонии ҳамкорӣ дар самти гузариш ба иқтисодиёти «сабз», ҷалби маблағгузории иқлимӣ, татбиқи барномаҳои муштарак дар минтақаи назди баҳри Арал ва такмили механизмҳои арзёбии талафоту зарари дар натиҷаи тағйирёбии иқлим баамаломада изҳор намуданд.