Дар фазои ҳавоии ин кишвар ҳавопаймои сарвари давлати моро ҷангандаҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Шоҳигарии Уммон ҳамроҳӣ карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Масқат Президенти Ӯзбекистонро Султони Уммон Ҳайсам бин Ториқ Ол Саид ва намояндагони воломақоми расмии султонат истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф орост. Сарварони ду кишвар аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфта, аз назди сафи қаровули фахрӣ гузаштанд.
Пас аз суҳбати кӯтоҳ дар толори шоҳонаи фурудгоҳ сарварони давлатҳо якҷо ба сӯи қасри «Ал-Алам» раҳсипор шуданд.