Меҳмони олимақом ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва
таманниёти беҳтарини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро расонд.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои
бисёрҷониба ва ҳамкории амалӣ миёни Ӯзбекистон ва Чин дар асоси тавофуқоти дар
сатҳи олӣ бадастомада баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар солҳои охир
муносибатҳои Ӯзбекистону Чин ба сатҳи баланди шарикии стратегии ҳамаҷонибаи ҳамафасл расидаанд.
Ҳаҷми гардиши савдои мутақобила ва сармоягузорӣ пайваста
афзоиш ёфта, шумораи лоиҳаҳои муштарак ва корхонаҳо бо иштироки ширкатҳои
пешрафтаи чинӣ зиёд шуда истодааст.
Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва байниҳизбӣ таваҷҷуҳи
махсус зоҳир гардид.
Муҳимияти амиқтар намудани ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, аз ҷумла
таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Чин дар Ӯзбекистон, таъкид карда шуд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки
барои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва байниҳизбӣ «харитаи роҳ»-и муштарак таҳия ва қабул
намоянд.