Мақомот ба назорати пурзӯри вазъи эпидемиологӣ мегузаранд ва шахсонеро, ки бо сироятёфтагон дар тамос буданд, барои боздоштани паҳншавии вирус муайян мекунанд. Барои сари вақт ва ҳарчи зудтар ошкор кардани ҳолатҳои нав чораҳо андешида шуда, нақшаҳои эмкунӣ тартиб дода мешаванд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Africa24.
Хуруҷи кунунии mpox дар Ҷумҳурии Демократии Конго оғоз шуда, аз он замон ба 17 кишвари Африқо паҳн шудааст. Дар маҷмӯъ 38 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 1,4 ҳазор нафар фавтиданд. Панҷ кишвари африқоӣ - Бурунди, Конго, Кения, Руанда ва Уганда ба феҳристи кишварҳое шомил шуданд, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) тасдиқ шудаанд, ки барои муқовимат ба хуруҷи бемории mpox чораҳои хоса андешида мешаванд.
Mpox як бемории вирусист, ки асосан дар манотиқи дурдасти Африқои марказӣ ва ғарбӣ дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ мушоҳида мешавад. Аввалин ҳодисаи гузариши ин беморӣ аз ҳайвон ба инсон соли 1970 дар Конго ба қайд гирифта шуда буд.