Сафири нави Ӯзбекистон ба Бишкек омад

    Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон Саидикрам Ниёзхоҷаев ба пойтахти Қирғизистон омад.

    То таъйин шуданаш ба Бишкек аз соли 2018 дар вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Қазоқистон кор мекард. Моҳи августи соли 2024 барои корҳои бузург ва саҳми арзандааш дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо фармони Президенти Қазоқистон бо ордени «Дӯстӣ» дараҷаи II мукофотонида шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ӯ 59 сол дорад. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд). Вай то таъйин шуданаш ба мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар соли 2015 дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла муовини мушовири давлатӣ ва муовини вазири иқтисод дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст.

    Саидикрам Ниёзхоҷаев дар ин мақом Хуршид Мирзоҳидовро иваз кард, ки солҳои 2020-2024 намояндагии дипломатӣ дар Бишкекро раҳбарӣ мекард.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates