Исроил нақша дошт, ки моҳи майи соли 2025 ба объектҳои ҳастаии Эрон ҳамла кунад, аммо пас аз он ки президенти Амрико Доналд Трамп ин ҳаракатро дастгирӣ накард, аз ин нақша даст кашид. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times бо такя ба манобеъ хабар додааст.
Тибқи маъумоти онҳо, Исроил бовар дошт, ки ИМА дар омодагӣ ба ҳамла фаъолона ширкат ва давлати яҳудиро аз ҳамлаи эҳтимолии ҷавобии Эрон муҳофизат мекунад. Ҳадафи ин ҳамла боздоштани талошҳои Теҳрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ барои ҳадди ақал як сол буд.
Аммо Трамп барои рафъи ихтилофот бо Эрон бархӯрди дипломатӣ кард ва дар аввали моҳи апрел ба Исроил гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида аз амалиёти низомӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон пуштибонӣ намекунад, менависад нашрия.
Раҳбари Амрико зимни мулоқот бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Вашингтон ин масъаларо матраҳ кардааст, хабар медиҳад tass.ru.