Солҳои охир дар мамлакат ба шарофати ислоҳоти густурдае, ки ҷиҳати таъмини қадру манзалат, ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, таҳкими фазои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, инчунин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус табақаҳои ниёзманд, амалӣ мегарданд, моҳи мубораки Рамазон, ки дар худ моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддаси ислом, ғояҳои ҳамбастагӣ, саховат ва шукргузориро таҷассум менамояд, ба дили халқи мо боз ҳам наздиктар ва азизу мӯътабар мегардад.

Бо назардошти ҷойгоҳ ва аҳамияти рӯзафзуни моҳи Рамазон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавӣ ва бо мақсади истиқболи муносиб ва дар сатҳи баланд баргузор намудани он, инчунин ҳифзу арҷгузории арзишҳои динӣ-маърифатӣ ва фарҳангии худ:

1.  Маълумоти Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бораи мувофиқ омадани оғози моҳи мубораки Рамазони соли 2026 ба санаи 19 феврал ба назар гирифта шавад.

2. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи корҳои дин, Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, Бунёди дастгирии фаъолияти ҷамъиятии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуроний» ва дигар ташкилотҳои ҳамкор супориш дода шавад, ки дар мамлакат чорабиниҳои гузаронидани моҳи Рамазонро мутобиқи анъана ва арзишҳои миллӣ амалӣ намоянд.

Дар асоси ғояи накӯи «Рамазон – моҳи меҳру муҳаббат, ҳамбастагӣ ва шукргузорӣ» ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус дода шавад:

дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони камбизоат, ниёзманд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ;

ба макони эҳтироми мутақобил, ҳамҷиҳатӣ, адолат ва тарбия табдил додани маҳаллаҳо;

ҳифзи замин, об, ҳаво ва муҳити табиӣ, обод кардани қадамҷоҳои муқаддас, зиёратгоҳ ва қабристонҳо;

бидуни роҳ додан ба исрофкорӣ, дар шакли ихчам, пурмазмун ва сарфакорона баргузор намудани чорабиниҳои вобаста ба моҳи Рамазон.

3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонси иттилоотии миллии Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори омма тавсия дода мешавад, ки чорабиниҳои вобаста ба моҳи Рамазонро ба таври васеъ инъикос намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Қ. Давлетов гузошта шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон   

Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд,

16 феврали соли 2026.