Оид ба ҷаласаи Шӯрои ҳамкории «Ӯзбекистон – ИА»

    16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 16-уми Шӯрои ҳамкориҳои «Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо» баргузор гардид, ки дар он ҳайати кишвари мо таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов иштирок дошт.

    Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Аугусто Сантуш Силва ба ҳайси ҳамраиси Шӯро роҳбарӣ кард.

    Дар рафти чорабинӣ ҷониби Аврупо ислоҳоти дар соҳаҳои адлия, корҳои дохилӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Ӯзбекистон татбиқ шудаистодаро маъқул донист.

    Доир ба вазъи кунунии муносибатҳои Ӯзбекистону Аврупо, рафти иҷрои барномаҳои муштарак, самтҳои нави ҳамкорӣ, инчунин ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода табодули афкор сурат гирифт. Аҳамияти ҳарчи зудтар анҷом додани гуфтушунидҳо оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда қайд карда шуд.

    Ба фаъол гардонидани робитаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, рафъи монеаҳои тиҷоратӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, дастгирии энергияи барқароршаванда, расонидани кӯмаки молиявию техникӣ, ҳавасмандгардонии табодули сайёҳӣ ва таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

    Ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, ки ба шарофати он дар Осиёи Марказӣ фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек ба вуҷуд омадааст, баҳои баланд дод. Омодагии Брюссели расмӣ барои таҳкими шарикии байниминтақавӣ дар формати «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» бори дигар тасдиқ карда шуд.

    Иштирокчиёни ҷамъомад ҳамчунин вазъи Афғонистон ва ҳамчунин масъалаҳои расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро баррасӣ карданд.

    Бинобар натиҷаҳои музокирот барои ВАО конфронси муштараки матбуот баргузор гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ ҶӮз.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates