Суҳбати самимона дар маҳаллаи обод

    Ҳукумат 26 May 2023 5676

    Роҳбари давлат ба маҳаллаи Катта Чилонзор-3-и шаҳри Тошканд рафт.

    Дар мамлакати мо тамоми барномаҳо дар маҳалла вобаста ба талаботи аҳолӣ татбиқ мешаванд. Барои ин низоми «панҷгонаи маҳалла» ҷорӣ карда шуд, ба онҳо имкониятҳои васеъ пешниҳод гардиданд. Консепсияҳои «Маҳаллаи бехавф» ва «Кӯчаи бехавф» татбиқ мегарданд. Маблағҳо барои ободонӣ бевосита ба маҳаллаҳо равона карда мешаванд.

    Натиҷаи ин корро метавон дар мисоли маҳаллаи Катта Чилонзор-3 мушоҳида кард. Бинои ҷамоати шаҳрвандон, 52 адад хонаҳои бисёрҳуҷра симои замонавӣ пайдо карданд. Ҳудуд ва роҳҳои дохилӣ ба тартиб андохта шуданд. Майдонча ва боғҳои бачагона ташкил ёфтанд.

    Мувофиқи лоиҳаи умумимиллии «Яшил макон» дарахт, базилик ва бархатҳо нишонда, майдонҳои сабз барпо гардиданд. Дар соҳили рӯди Анҳор, ки аз тариқи маҳалла мегузарад, пайраҳаҳои пиёдагард ва велосипедронӣ кушода шуданд. Ғайр аз ин зеристгоҳҳои электрӣ, трансформатор ва хатҳои камшиддат низ нав гардиданд.

    Президент корҳои анҷомёфтаро дида, бо кормандони ҷамоати шаҳрвандон ва куҳансолон суҳбат кард.

    – Тавре ки ба шумо маълум аст, тамоми корҳоро мо бевосита дар маҳалла татбиқ менамоем. Агар маҳалла обод бошад, агар оилаҳо орому фаровон зиндагӣ кунанд, пешравӣ ҳам мешаваду тараққиёт ҳам. Маҳз барои ҳамин ҳам мо ба ин идора ваколатҳои иловагӣ медиҳем. Алҳол маҳалла бобати кам кардани нодорӣ, ҳаллу фасли мушкилоти шуғл, масъалаҳои ҷавонон ва бонувон, аз ҳама муҳимаш, ҳифзи осудагии маҳалла неруи воқеӣ мегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Сокинон қайд намуданд, онҳо дигаргуниҳои дар ҳаёт ба вуқӯъ омадаро эҳсос менамоянд, ба таълим ва бо шуғл фарогирии ҷавонон эътибори махсус дода мешавад. Таъкид шуд, ки барои ободонӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоии 55 маҳаллаи Чилонзор 115 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст.

    Хабар дода шуд, ки соли ҷорӣ ба 585 маҳаллаи Тошканд 351 миллиард сӯм, аз он ҷумла 35 миллиард сӯм ба маҳаллаҳои Чилонзор равона карда хоҳад шуд.

    Президент ба масъалаи шуғл махсус таваққуф намуд.

    – Медонед, мо дар соҳаи кам кардани нодорӣ ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ корро мувофиқи низоми нав оғоз намудем. Дар ин ҷараён соҳибкорони пешқадам назорати бекориро дар маҳаллаҳо ба зиммаи худ мегиранд. Моро зарур аст, ки дар ноҳияи Чилонзор 10 ҳазор шаҳрванди бекорро бо шуғл таъмин намоем. Умед мекунам, ки соҳибкорон ба ин масъала бо масъулият нигоҳ мекунанд, куҳансолон бошанд, бо маслиҳатҳои худ кумак мерасонанд, – гуфт роҳбари давлат.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ Президент бо ҳамватанон ошкоро ва самимона суҳбат кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates