Дар чорабинии тантанавӣ муовини аввали вазири фарҳанги Ӯзбекистон Авазхон Тоҷихонов, ҳокими ноҳияи Кечиорен шаҳри Анқара Месут Ӯзарслан, муовини дабири кулли Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ – ТҮРКСОЙ Сайид Юсуф, намояндагони Маҷлиси бузурги миллии Туркия, намояндагони корпуси дипломатӣ, доираи академӣ ва аҳли ҷомеа иштирок карданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Муовини аввали вазири фарҳанг Авазхон Тоҷихонов зимни суханронии худ гуфт, ки солҳои охир муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Туркия пайваста инкишоф меёбанд. Зикр гардид, ки дар ин раванд равобити фарҳангиву гуманитарӣ мавқеи хоса дошта, ҳамкориҳо дар ин самт ба наздик шудани мардуми ду кишвар хидмат мекунад. Дар замири чунин мақсадҳои накӯ дар боғи марказии шаҳри Анқара гузоштани нимпайкараи донишманди бузург Аҳмад ал-Фарғонӣ аҳамияти калон дорад.

Ҳокими ноҳияи Кечиорен Месут Ӯзарслан таъкид кард, ки мероси илмии Аҳмад ал-Фарғонӣ на танҳо барои ӯзбекистониён, балки барои тамоми халқҳои туркӣ манбаи ифтихор ва илҳом мебошад. Вай гуфт, ки мақсад аз абадӣ гардонидани номи мутафаккир даъвати насли ҷавон ба илму дониш мебошад.

Муовини дабири кулли ТУРКСОЙ Сайид Юсуф дар бораи саҳми беҳамтои Аҳмад ал-Фарғонӣ тавассути бозёфтҳои худ дар соҳаҳои астрономия, ҷуғрофиё ва риёзиёт дар рушди илму фанни ҷаҳон ҳарф зад. «Ташаббуси гузоштани ин нимпайкара ҳамчун рамзи ваҳдати давлатҳои туркӣ сазовори эътирофи баланд аст», - гуфт ӯ.

Дар анҷоми чорабинӣ бо иштироки сарояндаи маъруф Отабек Муҳаммадзоҳид барномаи консертӣ баргузор гардид. Мақомҳои миллии ӯзбекӣ ва сурудҳои эстрадаи муосир, ки дар барнома садо доданд, ба ҳамагон табъи болида бахшид.