Лого Лого-пв-уз

    Дурнамои ҳамкории Ўзбекистону Бруней баррасӣ гардид

    24 сентябри соли 2022 дар Ню Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов ва Вазири дуюми корҳои хориҷии Давлат Бруней Доруссалом Эриван Юсуф баргузор гардид.

    Вазири дуюм таъкид кард, ки ба мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва ёдгориҳои нодири меъмории шаҳрҳои бостонии Ӯзбекистон мафтун аст.

    «Ман сафарамро ба Самарқанд, ки соли 2016 дар доираи иштирок дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ анҷом дода будам, бо гармии махсус ёд мекунам. Таъми нотакрори меваю палави ӯзбекӣ ҳамеша дар ёди ман боқӣ мондааст. Маро се мадрасаи боҳашамате, ки дар майдони Регистон воқеъ аст, ба ҳайрат овард, ки бидуни муболиға, мӯъҷизаҳои оламанд», - гуфт Э.Юсуф.

    Э.Юсуф алоҳида таъкид кард, ки сайёҳӣ бояд нерӯи пешбарандаи рушди муносибатҳои дуҷониба гардад. Ӯ иқдомҳоеро, ки дар кишвари мо барои ҳамаҷониба дастгирӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ андешида мешаванд, баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон метавонад дар доираи барномаҳои сайёҳии «Зиёрат» ва «Умра+» ба яке аз марказҳои сайёҳии шаҳрвандони Бруней табдил ёбад.

    Ҷонибҳо аҳамияти тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи масъалаи имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба мусоидат ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, пешгирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз андоз аз даромад ва сармояро қайд карданд. Ин созишномаҳо заминаи боэътимоди инкишофи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии дутарафа мешаванд.

    Бо мақсади баррасии муфассали имкониятҳои ҳамкорӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаи баргузории даври навбатии машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Брунейро баррасӣ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

     

    No date selected
    December 2022
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates