Самтҳои ояндадори ҳамкорӣ бо ширкати Microsoft баррасӣ шуданд

    18 апрел вазири оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Шерзод Шерматов дар шакли онлайн бо намояндагони Microsoft мулоқот анҷом дод.

    Дар он инчунин намояндагони ширкати Microsoft, Палатаи савдои Амрикову Ӯзбекистон, сафоратхонаи Ӯзбекистон дар ИМА иштирок карданд.

    Дар ҷараёни он самтҳои мубрам ва пешомадноки ҳамкорӣ баррасӣ шуданд. Ба инкишофи таълими технологияи иттилоотӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Масъалаҳои ба ин раванд боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонон, тайёр кардани кадрҳои ихтисоснок мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия пешниҳод шудааст, ки дафтари коркарди ширкат дар Ӯзбекистон кушода шавад.

    Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва идомаи кор дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор доштанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates