Дар мулоқот рӯзномаи васеи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд. Қайд карда шуд, ки солҳои охир бидуни истисно дар ҳама самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, ки таҳкурсии он дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон ба ИМА дар моҳи майи соли 2018 гузошта шуда буд, пешрафтҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Таъкид шуд, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2021 гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 48,5 дарсад афзоиш ёфт. Илова бар ин, дар чанд соли охир теъдоди корхонаҳо бо сармояи Амрико дар Ӯзбекистон ду баробар афзоиш ёфт.
Ҷонибҳо ба ҷалби сармоягузорони амрикоӣ ва ширкатҳои бузург барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Ӯзбекистон изҳори ҳавасмандӣ карданд. Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ба дар нимаи якуми соли 2020 якҷоя бо Палатаи савдои Амрикову Ӯзбекистон баргузор намудани анҷумани тиҷоратӣ барои намояндагони ҷомеаҳои соҳибкории Амрикову Ӯзбекистон омодаанд. Зимни мулоқот самтҳои пешомадноки тавсеаи минбаъдаи шарикии иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла дар саноати кӯҳӣ, саноати кимиё, кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо муайян карда шуданд.
Ҷонибҳо имкони густариши ҳамкориҳои байни Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (DFC) ва Фонди сармоягузории мустақими Ӯзбекистонро, яъне таҳияи механизмҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Ҷониби Ӯзбекистон аз ташаббуси "Build Back Better World" (B3W) истиқбол намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин ташаббус ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки ояндадор дар чаҳор самти асосӣ: рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, рақамикунонӣ, тандурустӣ ва пешбурди баробарии гендерӣ изҳор дошт.
Барои кӯмаки техникӣ ва машваратӣ ба Ӯзбекистон дар масъалаи шомил шудани кишвар ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат изҳори сипос карда шуд. Дар рафти мулоқот пешомади татбиқи лоиҳаи ёрии техникӣ оид ба рақамисозии соҳаи сиёсати сармоягузорӣ ва хидмати давлатӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо пайравии худро ба муколамаи фаъол оид ба тамоми масъалаҳои баррасишуда ҷиҳати суръат бахшидан ба пешбурди барномаву ташаббусҳои мувофиқашуда изҳор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.