Дар ҷараёни будубош дар шаҳри Анцара музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, инчунин ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олӣ таҳти раёсати сарони ду давлат баргузор гардид.
Пас аз анҷоми музокирот маросими ба имзо расонидани бастаи муҳими санадҳои дуҷониба доир шуд.
Дар изҳорот барои намояндагони васоити ахбори омма роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркия ба музокироти баргузоршуда баҳои худро иброз намуданд.
Сипас сарони давлатҳо дар маросими ба мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи истиқоматии «Ӯзбекистон», ки аз ҷониби Ӯзбекистон дар вилояти Ҳатай сохта шудааст, инчунин оғози сохтмони мактаби ӯзбекӣ дар шаҳри Истанбул иштирок карданд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафар Президенти Ӯзбекистон ҳамроҳ бо ҳамсараш ба шаҳри Тошканд рафт. Дар фурудгоҳи байналмилалии «Эсенбоға» меҳмонони олимақомро Ноиби- Президенти Туркия Ҷавдат Йылмаз ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.