Дастаи мардонаи Ӯзбекистон бо касби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввал ва тими занон 1 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ гирифтанд. Имшаб устодони дастпушаки ватаниро, ки натиҷаҳои хуб нишон доданд, ботантана пешвоз гирифтанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов муштзанҳои муваффақро Котиби генералии КМО Ойбек Қосимов, муовини раиси кумита, муовини аввали раиси Федератсияи бокси Ӯзбекистон Сакен Полатов, Мушовири вазири рушди варзиш Аваз Каримов пешвоз гирифтанд. Масъулин варзишгаронро бо натиҷаи ба даст овардаашон табрик намуда, ба онҳо таманно намуданд, ки минбаъд низ шарафи кишварамонро дар мусобиқаҳои мухталиф, аз ҷумла, дар Чемпионати ҷаҳонии Тошканд-2023, инчунин дар Бозиҳои осиёии Ханчҷоу-2022 сазовор ҳимоя кунанд.