Ҷӯраева, ки дар категорияи ҷавонон ширкат дошт, аз рӯи ҳамаи намудҳои барнома (дар якбора бардоштан 85 кг ва теладиҳӣ 105 кг, дар ҷамъи ду машқ 190 кг) ҷои 3-юмро гирифт.
Ва дар сабқати наврасон Раҷабова баромади худро дар якбора бардоштан бо натиҷаи 77 кг анҷом дода, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Хамватани мо дар теладиҳӣ (90 килограмм) ва ҷамъбасти ду машқ (167 килограмм) ҷои 5-умро гирифт.