Аз муҳоҷирон девор мебанданд: Эрон дар марз бо Афғонистон девор месозад

    Артиши Эрон дар марз бо Афғонистон беш аз 10 километр девор бунёд кардааст, то ин кишварро аз вуруди муҳоҷирони афғон ҳифз кунад.

    Дар ин бора хабаргузории ISNA бо такя ба генерал, муовини фармондеҳи неруҳои заминӣ Нозар Неъматӣ хабар додааст.

    "Дар марз зиёда аз 10 километр девор сохта шудааст ва 50 километри дигар бояд анҷом шавад", - шарҳ дод ӯ.

    Сарҳади муштараки Эрону Афғонистон беш аз 900 километр буда, гурӯҳҳои паноҳҷӯён пайваста аз он убур мекунанд. Маҷрои муҳоҷирони афғон пас аз ба даст овардани назорати "Толибон" дар Афғонистон дар пайи хуруҷи нируҳои амрикоӣ дар моҳи августи соли 2021 афзоиш ёфтааст.

    Теҳрон дар бораи шумори муҳоҷирони афғонро маълумоти расмӣ ироа накардааст, аммо узви порлумон Аболфазл Торабӣ теъдоди онҳоро аз 6 то 7 миллион нафар арзёбӣ кардааст. Ба қарибӣ мақомот фишорро болои гурезаҳои "ғайриқонунӣ" афзоиш дода, пайваста дар бораи ихроҷ кардан ба воситаи марзи шарқӣ эълон менамояд, хабар медиҳад eadaily.com.

    Неъматӣ гуфт: "Бо бастани марз мо мехоҳем вуруду хуруҷ аз кишварро назорат кунем ва амниятро дар манотиқи марзӣ афзоиш диҳем."


    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates