Оё пневмонияи дуҷониба бемории сироятӣ аст?

    Тандурустӣ 2 Avgust 2021 129

    Ба ин савол корманди штаби мубориза бо коронавируси назди Вазорати тандурустӣ Севара Убайдуллоева посух медиҳад.

    - Дар асл вирусҳо, бактерияҳо ё занбӯруғҳо сабаби пневмонияи (илтиҳоби шуш) дуҷониба мебошанд. Пневмонияи дуҷонибаи онҳо ба вуҷуд оваранда вобаста ба тарзи сироят гузаранда аст.

    Ҳоло, ки бемориҳои вирусӣ аҳамият пайдо кардаанд, мо бештар ба сирояти инфексияҳо тавассути қатраҳои ҳавоӣ эътибор медодагӣ шудем.

    Дар асл, бактерияҳо, занбӯруғҳо ва паразитҳои оддии ҳуҷайра метавонанд мисли бемориҳое, ки аз вирусҳо ба вуҷуд омадаанд, сирояткунанда бошанд. Роҳи сирояти онҳо метавонанд на танҳо қатраи ҳаво бошанд, балки намудҳои сироятҳое мавҷуданд, ки ҳангоми ворид шудан ба бадан метавонанд боиси бемориҳои шадиди пневмония шаванд.

    Паразитҳои оддии ҳуҷайра агар низоми иммунии инсон заиф бошад, метавонанд хатарнок бошанд.

    Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки худро ҳамеша аз сироятҳо муҳофизат кунем, ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоем, дуруст ва алтернативӣ хӯрок хӯрем, бо ин тарзи ҳаёти солимро нигоҳ дорем, инчунин мунтазам ба фаъолияти ҷисмонии сабук машғул шавем, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нигаҳдории тандурустӣ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates