Таҷассуми дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик

    Ҳукумат 18 Aprel 2024 4152

    Дар Кохи санъати «Кохи Борбад»-и Душанбе бо иштироки устодони санъати Ӯзбекистону Тоҷикистон «Шоми дӯстӣ» барпо гардид.

    Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон консертро якҷо тамошо карданд.

    Гузаронидани консертҳои якҷояи санъаткорони ҳар ду мамлакат ба анъанаи нек табдил ёфтааст, ки таҷассуми дӯстии абадӣ ва самимии ӯзбеку тоҷик мебошад. Охир, ба ҳамдигар наздик шудан, дар сулҳу амонӣ зиндагӣ кардан орзуи азизи дерина ва хоҳиши самимии халқҳои мост. Ин орзую умедҳо имрӯз ба воқеъият табдил меёбанд, ба шарофати ирода ва ҷидду ҷаҳди роҳбарони ду мамлакат халқҳои мо боз ҳам наздиктар гардида, муносибатҳои байни давлатҳо ба дараҷаи иттифоқӣ расидаанд.

    Барномаи консертӣ тасдиқи навбатии ин хусусиятҳо гардид. Дар суруду мусиқӣ дар иҷрои артистони боистеъдод сарват, гуногунрангӣ ва дар айни замон умумияти маданияти халқҳои мо таҷассум ёфтанд.

    Сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон идома дорад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates