Дирӯз сарони давлатҳо дар доираи маҳдуд музокирот анҷом дода, инчунин ҷамъомади нахустини Шӯрои олии байнидавлатиро гузарониданд ва ба лоиҳаҳои муштарак оғоз бахшиданд. Дар анҷоми мулоқотҳо маҷмӯи муҳими ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расид.
Имрӯз саммит дар Бухоро идома ёфт. Сарони давлатҳо ёдгориҳои таърихиро зиёрат карда, бо фаъолияти корхонаи саноатӣ шинос шуданд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳо, дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро меҳмони олимақомро Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гусел кард.
Бо ҳамин, роҳбари давлати мо сафари худро ба Бухоро анҷом дода, ба Тошканд баргашт.