Ҷараёни кор бобати дохил шудани Ӯзбекистон ба СУС муҳокима гардид

    Ҳукумат 14 Aprel 2023 8448

    Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии ҷараён ва пешомадҳои раванди дохилшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо шинос шуд.

    Созмони умумиҷаҳонии савдо сохтори бонуфузи байналхалқӣ ба шумор меравад, ки муносибатҳои бисёрҷанбаи байналхалқии савдоро танзим менамояд. 95 фоизи савдои ҷаҳонӣ бар дӯши 164 кишваре мебошад, ки аъзои созмони мазкур ҳастанд.

    Вазифаи асосии СУС ин кумакрасонӣ барои рушди устувори кишварҳо ва беҳтар намудани некуҳолии аҳолии онҳо аз тариқи таъмин кардан, вусъат додани робитаҳои озод ва шаффофи тиҷоратӣ мебошад. Ин ба ҳадафҳои ислоҳоти иқтисодие, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, куллан мувофиқат мекунад.

    Пештар нисфи содироти кишвари моро нахи пахта ташкил медод. Пас аз сартобии пурра аз содироти пахта ба хориҷа расонда додани маҳсулоти тайёри сарулибос 4 баробар зиёд шуд, даромад аз дӯзандагӣ бошад, аз 3 миллиард доллар гузашт.

    Дар натиҷаи соли 2021-ум ба низоми GSP+ ҳамроҳ шудани Ӯзбекистон содироти маҳсулоти тайёр ба бозорҳои Аврупо 1,5 баробар зиёд гардид.

    Дохил шудан ба СУС барои афзудани содироти маҳсулоти тайёр имкониятҳои беш аз пеш фароҳам меоварад. Маҳз барои ҳамин ҳам Ӯзбекистон соли 2019-ум ҷараёни дохилшавӣ ба ин сохтори байналхалқиро ба роҳ монд ва дар давраи сипаришуда дар самти мазкур қадамҳои боэътимод гузошт.

    Дар ҷамъомад роҳбари давлат таъкид намуд, ки кишвари мо бояд ҳатман ба СУС аъзо шавад, ӯ аҳамияти иқтисодии ин вазифаро зикр кард.

    – Дар се соли наздиктарин мо ният дорем содироти маҳсулоти тайёрро афзун кунем. Имконияти ягонаи ба ин ният муваффақ шудан ин узви Созмони умумиҷаҳонии савдо гардидан мебошад. Вай имкон медиҳад низоми савдои одилона бо 164 кишвар ба роҳ монда шавад, ҳамчунин соҳиби бозорҳои муттасил гардем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент дар Муроҷиатномаи соли гузаштаинаи худ низ дар бораи зарурияти тезондани ин ҷараён сухан гуфта буд. Ба ин мақсад бо беш аз 50 кишваре, ки ба Созмони умумиҷаҳонии савдо дохиланд, гуфтушунидҳои дуҷониба гузаронида шуданд. Моҳи марти соли равон дар СУС ҷамъомади шашуми гурӯҳи корӣ оид ба дохилшавии Ӯзбекистон баргузор гардид.

    Дар ҷараёни муаррифсозӣ масъалаҳое, ки давлатҳо – аъзои созмон дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба миён гузошта буданд, баррасӣ шуданд.

    Бобати ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо назардошти муоҳидаҳои СУС супоришҳо дода шуданд, тартибот ва меъёрҳо мувофиқи талаботи байналхалқӣ баргузор гардиданд. Зарурияти ҷалби мушовирони хориҷӣ, ташаккул додани гурӯҳҳои корӣ, ҳамкории мунтазами тарафайни тамоми вазоратҳо ва сафоратхонаҳо дар масъалаи мазкур таъкид шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates