Боғи миллии Ӯзбекистон дар намуди нав кушода шуд

    Ҳукумат 27 Avgust 2022 11634

    Сарвари давлат бо корҳои ободонӣ дар Боғи миллии Ӯзбекистон шинос шуд. Ин боғ ба халқи мо хуб маълум аст. Он соли 1932 бо роҳи ҳашар бунёд шуда, солҳои зиёд макони дӯстдоштаи сокинон буд. Дар вақтҳои охир дар ҳудуди боғ маҷмӯъҳои нав – хиёбони адибон, бинои Иттифоқи нависандагон, музеи таърихи шаҳри Тошканд, маркази фароғатии «Magic city» сохта шуданд.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки симои таърихии ин боғро нигоҳ дошта, дар ин ҷо муҳит дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ фароҳам оварда шавад.

    Мувофиқи ин дар майдони бештар аз 14 гектар корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Бинои маъмурӣ, ошхонаҳо сохта, купрӯкҳо ва роҳҳо таъмир карда шуданд. Кӯл, ки масоҳати умумиаш 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, барқарор карда шуд. Қаъри кӯл бо рӯйпӯши махсус барои пешгирии камобшавӣ ва лойқаношавӣ пӯшонда шудааст. Майдони шиноварӣ бо соҳил мавҷуд аст. Зиёда аз ҳазор бех ниҳол ва қариб 200 ҳазор бех бутта шинонда шуд.

    Сарвари давлат дар ин ҷо бо намояндагони насли калонсол, арбобони адабиёт ва санъат суҳбат кард. Ӯ онҳоро бо ҷашни дар пешистодаи истиқлолият табрик гуфта, аз аҳамияти ин боғ сухан гуфт.

    – Дигаргуниҳое, ки имрӯз дар шаҳрҳои мо ба амал меоянд, хубанд. Аммо мо бояд арзишҳо ва хотираи худро низ эҳтиром кунем. Ин боғ замоне машҳуртарин макони Тошканд буд ва ба яке аз рамзҳои он табдил ёфтааст. Одамон ба ин ҷо барои сайру гашт меомаданд, барои рассомон манбаи илҳом буд. Дар ин ҷо лаҳзаҳои хурсандибахши донишҷӯёну ҷавонон гузаштанд. Мо бояд ин гузаштаро бо имрӯз ҳамоҳанг созем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар боғи миллӣ барои истироҳати хуб тамоми шароит муҳайёст. Шумо метавонед бо оила ё дӯстон сайру гашт кунед, каме хӯрок хӯред, шашка, шоҳмот ва теннис бозӣ кунед, велосипед савор шавед.

    – Мо ҳама таронаҳои филмҳои маъруф, аз қабили «Тошкенти зебо», таронаҳои ҳофизонамонро хуб медонем, онҳо дар қалбҳои мо амиқ реша давондаанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. –Аз ин рӯ, мо ба он диққат додем, ки дар ин боғ пайваста чунин оҳангҳо садо диҳанд. Ба фикрам, дар ин ҷо мисли пештара шабҳои назм, консерт, наворбардорӣ гузаронда шаванд ба мақсад мувофиқ мебуд. Ин боғи моро боз ҳам зеботару дилкаш мегардонад.

    Намояндагони насли калонсол изҳори хушҳолӣ карданд, ки боғ бо симои наву зебо боз шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates