Меҳмони баландпоя ба сарвари давлати мо салом ва беҳтарин таманниҳои Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шарифро расонид.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрнақша ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Покистон дар доираи иҷрои тавофуқоте, ки зимни сафари Сарвазири Покистон ба Ӯзбекистон моҳи феврали соли ҷорӣ ба даст омада буданд, баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки робитаҳо ва табодули тарафайн дар сатҳҳои гуногун фаъол гардидаанд. Аз аввали сол ҳаҷми гардиши мол 23 фоиз ва нақлиёти боркашонӣ 50 фоиз афзудааст. Дар шаҳрҳои Карочӣ ва Лоҳур хонаҳои савдо ифтитоҳ ёфтанд. Басомади парвозҳои мустақими ҳавоӣ зиёд гардид.

Масъалаҳои ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои низомӣ ва ҳарбию-техникӣ, инчунин мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба татбиқи амалии ҳарчи зудтари қоидаҳои созишномаи сеҷониба оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Транс­афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.