Президенти Ӯзбекистон раиси ширкати «Agility Logistics»-ро қабул кард

    Дар шаҳри Ал-Кувайт мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси ширкати «Agility Logistics» Ҳенодӣ ал-Солеҳ баргузор гардид.

    Ин ширкати фаромиллии логистикӣ, ки соли 1979 таъсис ёфтааст, яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон буда, дар зиёда аз 70 кишвари дунё фаъолият дорад. Он дар соҳаҳои хидматрасонии авиатсионӣ, анборҳои саноатӣ, боғҳои логистикӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо кор мекунад.

    Дар ҷараёни мулоқот ба лоиҳаи ояндадори таъсиси маркази муштараки логистикӣ дар Ӯзбекистон барои самаранок расонидани маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои Халиҷ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates