Роҳбари кишвари мо бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҷамъомади навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар мақоми роҳбари давлати нозир ва чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат хоҳад кард.
Мувофиқи барномаи будубош баргузории як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ ба назар гирифта шудааст.