Дар рӯзномаи нишасти панҷуми раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақа, аз ҷумла рушди муколамаи сиёсӣ, пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва экология ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосири амниятӣ ҷой доранд.
Дар ҷаласаи ҷашнии сарони давлат-муассисони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ки дар 30-умин солгарди таъсиси ассотсиатсия баргузор мешавад, ҷанбаҳои кунунии ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, инчунин такмили минбаъдаи фаъолияти фонд баррасӣ мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои чорабиниҳо қабули як қатор санадҳои бисёрҷониба дар назар аст.









