Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов 4 август барои иштирок дар чорабиниҳои Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии бе дастрасӣ ба баҳр бо сафари корӣ ба ин кишвар рафт.

    Дар ҷараёни Конфронси дарпешистода, ки дар шаҳри Аваза баргузор мегардад, масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамбастагии нақлиётӣ ва соддагардонии расмиёти савдо, трансформатсияи иқтисодӣ, таҳкими устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва чолишҳои муҳити зист, инчунин пешрафт дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ хоҳанд шуд.

    Пешбинӣ шудааст, ки Эъломияи сиёсӣ ва Барномаи амалии Аваза қабул гардад.

    Сарвари кишвари мо ҳамчунин дар чорабинӣ бахшида ба масъалаҳои омодагӣ ба вохӯрии ҳафтуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуда, як қатор музокироти дуҷониба низ баргузор хоҳад кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates