Президенти Ӯзбекистон самтҳои нави шарикии стратегиро бо соҳибкорони амрикоӣ муайян намуд

    Дар анҷоми барномаи кори сафари худ ба шаҳри Вашингтон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо намояндагони корпоратсияҳои пешбари амрикоӣ, фондҳои сармоягузорӣ ва муассисаҳои молиявӣ мулоқот анҷом дод.

    Дар рафти мулоқот вазири савдои ИМА Говард Латник, ёвари махсуси Президенти ИМА Рикки Гил, фиристодаи махсуси Президент Паоло Замполли, муовини вазири кишоварзӣ Стивен Ваден, роҳбарони Палатаи савдои Амрико ва Ӯзбекистон, инчунин роҳбарону менеҷерони ширкатҳои бузурги Traxys, FLSmidth, BCG, META, Google, Amazon, Boeing, Air Products, Axiom Space, Cove Capital, Freeport-McMoRan, Orion CMC, Cargill Cotton, John Deere, Honeywell, Valmont Industries, Flowserve Corporation ва дигарон иштирок доштанд.

    Дар оғоз сарвари Ӯзбекистон зикр намуд, ки дар 8 соли охир ҳаҷми гардиши мол бо ИМА 4 маротиба афзуда, дар кишвар беш аз 300 ширкати амрикоӣ бо муваффақият фаъолият доранд.

    Президент махсус таъкид кард, ки сатҳи кунунии ҳамкорӣ оғози марҳилаи нави шарикии стратегӣ мебошад, ки барои ҳамкории муштарак имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар мулоқот бо Президенти ИМА Доналд Трамп самтҳои мушаххаси ҳамкории иқтисодӣ ва ташаббусҳои нави муштарак муҳокима хоҳанд шуд.

    Дар суханронии худ сарвари давлат самтҳои афзалиятноки шарикии стратегӣ байни ду кишварро муайян намуд.

    То соли 2030, дар Ӯзбекистон низоми энергетикии насли нав бо иқтидори 18–20 гигаватт аз манбаъҳои барқароршаванда таъсис дода, зиёда аз нисфи нерӯи барқ аз офтоб ва бод истеҳсол хоҳад шуд.

    Дар ҳамин замина Ӯзбекистон ва ИМА истихроҷ ва коркарди амиқи уран, мис, волфрам, молибден ва графитро ривоҷ медиҳанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки занҷираҳои боэътимоди таъминот ва технологияҳои пешрафтаи амрикоӣ дар соҳаи коркард ҷорӣ гарданд.

    Илова бар ин, барномаи бузурги модернизатсияи роҳҳои автомобилгард ва оҳан, терминалҳо ва фурудгоҳҳо амалӣ мешавад. То соли 2030 барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ зиёда аз 12 миллиард доллар равона карда мешавад.

    Бо ширкатҳои амрикоии Google, Meta ва NVIDIA ҳамкории рақамӣ — аз ҷумла, ҷорӣ намудани низомҳои пардохтии Apple Pay ва Google Pay, таъсиси Академияи рақамӣ ва шабакаи стартап-хабҳо васеъ мегардад.

    Таъкид гардид, ки барои пешбурд ва дастгирии молиявии чунин лоиҳаҳо Корпоратсияи DFC ва Эксимбанки ИМА ҷалб карда мешаванд.

    Дар анҷоми мулоқот Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев омодагии худро барои дастгирии шахсии ташаббусҳои сармоягузории ширкатҳои амрикоӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки Ӯзбекистон шарики боэътимод ва кафили муваффақият барои сармоягузорони хориҷӣ боқӣ мемонад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates