Эксимбанк агентии расмии қарздиҳӣ-содиротии Ҳукумати ИМА мебошад, ки рушди фаъолияти иқтисоди хориҷии ширкатҳои амрикоиро дастгирӣ намуда, воситаҳои суғуртавӣ, кафолатӣ ва қарзиро пешниҳод мекунад.
Дар мулоқот дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфуз оид ба маблағгузории лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои энергетика, маъданҳои муҳими стратегӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, технологияи иттилоотӣ (IT) ва дигар самтҳои афзалиятнок бар асоси барномаи омодашудаи муштарак баррасӣ гардид.
Ба иштироки Эксимбанк дар навсозии парки миллии ҳавопаймоҳо ва интиқоли ҳавопаймоҳои Boeing таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар бораи идомаи ҳамкории амалӣ ва таҳияи Нақшаи шарикии дарозмуддат мувофиқа ҳосил шуд.
Дар поёни мулоқот бо ҳузури Сарвари давлати мо миёни Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Эксимбанки ИМА табодули Созишнома дар бораи маблағгузории лоиҳаҳои муштарак сурат гирифт.









