Ҷанбаҳои амалии таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Ӯзбекистону ИМА, инчунин пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки Иёлоти Муттаҳида яке аз шарикони калидии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад: ҳаҷми муомилоти дуҷониба аз 1 миллиард доллар гузаштааст ва дар бозори кишвар тақрибан 340 ширкати амрикоӣ фаъолият мекунад.
Лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика, маъданҳои муҳим, нақлиёт, кишоварзӣ, IT ва дигар самтҳо бомуваффақият пеш рафта истодаанд.
Барномаи сесолаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба маблағи 35 миллиард доллар амал мекунад. Имрӯз дар доираи чорабиниҳои соҳибкорӣ имзои як қатор созишномаҳои муҳим интизор меравад.
Ба зарурати истифодаи имкониятҳои Шӯрои тиҷоратии навтаъсис ва роҳандозии Платформаи сармоягузорӣ барои дастгирии низомманди лоиҳаҳои афзалиятнок ишора шуд.
Ҳамчунин аҳамияти рушди робитаҳои савдо ва тавсеаи муносибатҳои мустақими тиҷоратӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон таъкид гардид.