Президенти Ӯзбекистон вазири савдои ИМА Горвард Латникро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Вашингтон бо вазири савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Говард Латник музокирот анҷом дод.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва ИМА, фаъол гардонидани ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисод баррасӣ гардиданд.

    Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки муносибатҳои гуногунсамтаи ӯзбекистониву амрикоӣ босуръат рушд меёбанд. Дар солҳои охир ҳаҷми гардиши мол чор маротиба афзуда, тақрибан ба 1 миллиард доллар расидааст. Дар Ӯзбекистон зиёда аз 300 ширкати амрикоӣ фаъолият доранд ва як қатор лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва инноватсия амалӣ мешаванд.

    Таъкид гардид, ки ҷонибҳо дар таҳкими робитаҳои савдо, таъсиси механизмҳои самарабахши ҳамкории байниминтақавӣ ва ташкили Шӯрои ҳамоҳангсоз манфиати муштарак доранд.

    Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Аллакай шартномаҳои аввал оид ба воридоти лӯбиёи соя ва пахта аз ИМА, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи обёрии қатрагии амрикоӣ ба имзо расидаанд.

    Дар натиҷаи музокирот, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо роҳи таъсиси платформаи сармоягузорӣ барои дастгирии лоиҳаҳои муштарак ҳамкории амалиро боз ҳам тақвият бахшанд.