Президенти Ӯзбекистон аз осорхонаи «Қасри «Ас-Салам» боздид кард

    Дар доираи барномаи сафар Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз осорхонаи «Қасри «Ас-Салам» дар шаҳри Ал-Кувайт боздид намуд.

    Қаср солҳои 1960-1964 дар сабки нодири меъмории арабӣ сохта шуда, то соли 1990 ҳамчун қароргоҳи расмӣ барои роҳбарони хориҷӣ, ки ба Кувайт ташриф меоварданд, истифода мешуд.

    Соли 2019 дар дохили қаср осорхона кушода шуд, ки дар масоҳати 32 ҳазор метри мураббаъ маҷмааи артефактҳои беназирро ҷой додааст ва таъриху фарҳанги бисёрасраи Кувайтро инъикос мекунад.

    Сарвари Ӯзбекистон бо намоишгоҳи осорхона шинос шуда, ба консепсияи меъморӣ ва инфрасохтори муосири он баҳои баланд дод.

    Зарурати густариши мубодилаҳои фарҳангии Ӯзбекистону Кувайт, бахусус дар соҳаи осорхонаҳо, ҳифзи мероси таърихӣ, татбиқи барномаҳои муштараки башардӯстона ва ташкили намоишгоҳҳои дуҷониба таъкид гардид.

    Дар анҷоми боздид, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Дафтари меҳмонони фахрии осорхона навиштаҷот гузошт.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates