Президенти Ӯзбекистон муҳим будани густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро бо АМА таъкид кард

    Муҳимияти идомаи муколамаҳои самарбахш дар ҳама сатҳҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи олии оянда қайд гардид.

    Дар рафти вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати вазири саноат ва технологияҳои пешрафтаи Аморати Муттаҳидаи Араб Султон Аҳмад ал-Ҷобир ва вазири энергетика ва инфрасохтор Суҳайл Муҳаммад ал-Мазруӣ масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ ва пешбурди лоиҳаҳои шарикии сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

    Дар оғози сӯҳбат Султон ал-Ҷобир ба сарвари мамлакатамон салом ва таманниёти накӯи Президенти Аморат Шайх Муҳаммад Ол Наҳаён, Сарвазири мамлакат, амири Дубай Шайх Муҳаммад Ол Мактум ва ноиб-президент Шайх Мансур Ол Наҳаёнро расонд.

    Дар вохӯрӣ сатҳи баланди муносибатҳои имрӯзаи бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва АМА бо мамнуният қайд карда шуд. Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ, шумораи корхонаҳои муштарак ва авипарвозҳо меафзояд. Маҷмӯи лоиҳаҳои ояндадор, ки дар Ӯзбекистон бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Аморати Муттаҳидаи Араб амалӣ мегарданд, ба 20 миллиард доллар расид.

    Энергетикаи «сабз» чун самти афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба хидмат мекунад. Имрӯз дар вилояти Навоӣ неругоҳи бодӣ бо иқтидори 500 мегаватт ба кор андохта шуд – ин лоиҳа аз ҷониби ширкати Masdar амалӣ гардид.

    Умуман, солҳои охир дар мамлакатамон бо иштироки ин ширкат объектҳои истеҳсоли неруи барқ ​​бо тавоноии умумии 1,5 гигаватт ба кор дароварда шуданд.

    Ба масъалаи дар фурсати кӯтоҳ омода ва татбиқ кардани лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ дар энергетика, нафту газ ва кимиё, саноати кӯҳӣ, таъминоти об, коркарди партовҳои маишӣ ва дигар самтҳо диққати махсус дода шуд.

    Муҳимияти идомаи муколамаҳои самарбахш дар ҳама сатҳҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи олии оянда қайд гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates