Масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд миёни Ӯзбекистон ва Британияи Кабир, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки муколамаи сиёсӣ босуръат рушд ёфта, мубодила дар ҳама сатҳҳо фаъолона идома доранд. Дар соҳаи амният ҳамкории босамар роҳандозӣ шудааст.
Дар панҷ соли охир гардиши мол ду баробар афзуд. Дар биржаи фонди Лондон беш аз 15 миллиард доллари амрикоӣ коғазҳои қиматноки давлатӣ ва корпоративии Ӯзбекистон ҷойгир карда шуданд. Соли гузашта механизми Кумитаи муштараки иқтисодӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар ҳамкорӣ бо шарикони бритониёӣ Мактабҳои президентӣ таъсис ёфтанд ва се донишгоҳи муштарак бомуваффақият фаъолият доранд. Шумораи сайёҳони бритониёӣ, ки аз Ӯзбекистон боздид менамоянд, низ меафзоянд.
Дар идомаи мулоқот аҳамияти пешбурди лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои энергетика, молия, геология, нақлиёт, кимиё, дорусозӣ, илм ва таълим таъкид гардид.
Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз рӯйи қабули “харитаи роҳ” оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба ба мувофиқа расиданд.