Президенти Ўзбекистон раиси раёсати ширкати “Cengiz Enerji”-ро қабул кард

    Ҳукумат 16 Noyabr 2022 4279

    16 ноябр дар чаҳорчӯби ҷаласаи якуми Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси раёсати ширкати “Cengiz Enerji” Меҳмет Ҷенгиз мулоқот анҷом дод.

    Сарвари давлатамон ба фаъолияти ширкати туркӣ, ки имрӯзҳо дар якҷоягӣ бо он лоиҳаҳои муҳим дар самти васеъ намудани иқтидорҳои энергетикӣ дар вилоятҳои Тошканд ва Сирдарё амалӣ карда мешаванд, баҳои баланд дод.

    Муҳимияти ҳарчи зудтар амалӣ шудани лоиҳаҳои оғозёфта ва вусъати минбаъдаи ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахш дар самтҳои пешомаднок, аз ҷумла дар соҳаи навсозии иншоотҳои энергетикӣ ва инкишофи инфрасохтори нақлиёт таъкид гардид.

    Меҳмет Ҷенгиз ба Президенти Ӯзбекистон барои қабули самимӣ ва шароит барои фаъолияти самараноки сармоягузорони хориҷӣ изҳори сипос кард. Дар кишварамон омодагӣ ва иштирок кардан дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ изҳор гардид.