Президенти Ӯзбекистонро дар Душанбе ботантана истиқбол намуданд

    Ҳукумат 10 Iyun 2021 4215

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

    Ба ифтихори меҳмони олиқадр фурудгоҳ бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии ду кишвар оро дода шудаанд.

    Дар истиқболи раҳбари Ӯзбекистон инчунин намояндагони сершумори ҷавонони тоҷик ва гурӯҳҳои эҷодӣ ширкат варзиданд.

    Ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷараёни музокирот Президентҳо рӯзномаи васеи шарикии бисёрҷабҳаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро баррасӣ намуда, инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор кунанд.

    Қабули бастаи муҳими санадҳои дуҷониба, ки ба густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои амалӣ равона карда шудаанд, интизорӣ меравад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates