Дар фурудгоҳи байналмилалии “Меҳробод”-и пойтахти Эрон ба истиқболи раҳбари Ӯзбекистон парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта ва қаровули фахрӣ саф орост.

Меҳмони олиқадрро вазири саноат, маъдан ва савдои Эрон Аббос Алиободӣ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.