Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва САҲА, густариши муносибатҳои Ӯзбекистону Полша, инчунин рӯзномаи кунунии байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Сатҳи сифатан нави шарикӣ бо САҲА дар солҳои охир бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд. Гуфтугӯи ошкоро ва пурсамар оид ба ҳар се самти фаъолияти Созмон, равобит ва табодули фаъоли сатҳи олӣ ва бомуваффақият амалӣ гардидани чорабиниҳои муштарак тибқи “харитаи роҳ” тасдиқи ин аст.

Раиси САҲА ба натиҷаҳои стратегияи ҷараёндоштаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони нав ва сиёсати амалии хориҷии кишвар, пеш аз ҳама ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод.

Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои амалии давлати мо бо тамоми ниҳодҳои ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ, тавсеаи дастгирии коршиносон ба ислоҳоти демократӣ, аз ҷумла ислоҳоти конститутсионӣ, амиқтар кардани ҳамкорӣ тавассути Ассамблеяи парлумонии Созмон мебошанд.

Дар ҷанбаи иқтисодӣ ва экологӣ ба пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаи рушди «сабз», рақамикунонӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути таъсиси ҷойҳои корӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ, татбиқи тадбирҳои муҳими ҳифзи муҳти зист, аз ҷумла дар минтақаи Арал диққати махсус дода шуд.

Инчунин оид ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ, аз ҷумла рушди муносибатҳои бисёрҷониба бо Иттиҳоди Аврупо, мусоидат ба сулҳ ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодӣ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Роҳбари Ӯзбекистон ба дурнамои густариши ҳамкориҳои амалии Ӯзбекистону Полша алоҳида таваҷҷуҳ кард.

Ҳамин тариқ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба сеяк ва аз аввали сол қариб 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Бо ширкатҳои пешқадами Полша дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, хӯрокворӣ, химия, электротехника ва дигар соҳаҳои саноат як қатор лоиҳаҳои якҷоя амалӣ мегарданд.

Барномаҳои муҳими башардӯстона амалӣ гардонда мешаванд, аз ҷумла дар кишвари мо филиали Донишгоҳи идоракунии Варшава ба фаъолият оғоз намуд.

Зимни мулоқот аҳамияти ба роҳ мондани робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, фаъол гардонидани табодули фарҳангиву гуманитарӣ махсусан қайд карда шуд.

Дар бораи тасвиби "харитаи роҳ"-и муштарак дар пайи натоиҷи сафари кунунии ҷаноби Збигнев Рау ба Ӯзбекистон тавофуқ ҳосил шуд.