Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории дарозмуддат бо ин корпоратсияи ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд. Нақш ва аҳамияти муҳимми General Motors International дар рушд ва диверсификатсияи соҳаи автомобилсозии кишвар таъкид шуд.
Дар панҷ соли охир аз ҷониби ширкат 1,6 миллион автомобил истеҳсол гардидааст. Ӯзбекистон пас аз Иёлоти Муттаҳида ба дуюмин бозори бузург барои бренди Chevrolet табдил ёфта, дар бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба фуруш мавқеи пешсафро соҳиб шудааст.
Ба рушди минбаъдаи ҳамкории истеҳсолӣ, васеъ намудани навъҳои маҳсулоти тавлидшаванда ва амиқтар намудани сатҳи маҳаллисозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин, дурнамоҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои технологияҳои нав ва захираҳои ашёи хом, ки дар саноати муосири мошинсозӣ талаботи зиёд доранд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.









