Намоишгоҳ дар маҷмааи “Central Asian Expo Uzbekistan” баргузор мешавад. Масоҳати умумии майдони экспозитсия зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар он беш аз 10 ҳазор намоянда аз Русия, кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо ширкат доранд.
Дар намоишгоҳ коркардҳои технологӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маҳсулоти тайёри саноатии корхонаҳои пешқадами мошинсозӣ, электротехника, металлургия, саноати кимиё, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шудаанд.
Сарвари давлатамон зимни боздиди павилон ва намоишгоҳҳо имконоти бузурги ҳамкориҳои иқтисодӣ ва салоҳияти хуби рушди ғояҳои нави тиҷоратро таъкид кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиш ба пешбурди лоиҳаҳои нави бузург, рушди шарикии дарозмуддат ва густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ хидмат мекунад.
Дар доираи чорабинӣ Президенти Ӯзбекистон бо ҳайати Русия таҳти сарварии муовини якуми Раиси Ҳукумати ин кишвар Денис Мантуров мулоқот кард.
Роҳбари ҳайати вакилони Русия ба Президенти мо салом ва орзуҳои неки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонд.
Масъалаҳои иҷрои тавофуқ ва қарордодҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Русия ба Ӯзбекистон дар моҳи майи соли гузашта ҳосил шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
Суръати афзоиши муомилоти мол нигоҳ дошта шуда, лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ бо ҷалби фаъолонаи минтақаҳои ду кишвар амалӣ мешаванд.
Аҳамияти густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳияи қарорҳои мутақобилан мувофиқ дар доираи форуми «Иннопром» таъкид шуд.
Дар мулоқот бо Раиси Тотористон Рустам Миннихонов масоили густариши ҳамкориҳои саноатӣ миёни корхонаҳои пешрафта ва табодули фаъоли башардӯстона баррасӣ шуд.
Дар бораи идомаи мулоқоти густурда ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нафту газ, кимиё, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо, аз ҷумла дар доираи минтақаҳои саноатӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.
Дар сӯҳбат бо Алексей Лихачёв, директори генералии Корпоратсияи давлатии «Росатом» гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи ҳастаии осоишта бо суръат рушд мекунад.
Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи технологияҳои ҳастаӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тиб, инчунин омода намудани кадрҳо дар заминаи филиали “МИФИ” дар шаҳри Тошканд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Инчунин, Сарвари давлатамон дар суҳбати мизи мудаввар низ иштирок кард. Дар он раҳбарони минтақа ва ширкатҳои бонуфузи ду кишвар нақшаҳои мушаххаси худро оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ муаррифӣ намуданд.