Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Кувайтро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Ал-Кувайт бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ ал-Яҳё мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои идомаи муколамаи фаъолонаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ-молиявӣ дар доираи созишномаҳое, ки дар рафти ин сафари таърихӣ ба Кувайт ба даст омаданд, баррасӣ шуданд.

    Аз қарори дар сатҳи олӣ оид ба рушди муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Кувайт қабулшуда изҳори қаноатмандии амиқ карда шуд.

    Зарурати ташкили машваратҳои мунтазами байниидоравӣ ва омодагӣ ба ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ» дар шаҳри Самарқанд таъкид шуд.

    Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки дар доираи сафар Барномаи нави ҳамкорӣ бо Бунёди кувайтии рушди иқтисодиёти арабҳо ба имзо расид.

    Ба пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, ҳамкории саноатӣ, инфрасохтор, сайёҳӣ ва дигар самтҳо, инчунин барқарорсозии хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни кишварҳо диққати махсус дода шуд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates