Зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои минтақа ва Олмон баррасӣ мешаванд.
Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, технологӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Ҳамчунин баргузории нишасти муштарак бо раҳбарони ширкату бонкҳои пешрафтаи Олмон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки нахустин нишаст дар формати “Осиёи Марказӣ – Олмон” 29 сентябри соли гузашта дар Берлин баргузор шуда буд.