Президенти Ўзбекистон роҳбари миссияи назоратчиёни ИДМ-ро пазируфт

    Ҳукумат 25 Oktabr 2021 2591

    Президенти  Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 октябр раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедевро, ки ба мамлакати мо таҳти роҳбарии миссияи назоратчиёни Иттиҳод омадааст,  пазируфт.

    Дар оғози мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ сарвари давлатамонро бо пирӯзии боварибахш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш дар самти таъмини некӯаҳволӣ ва шукуфоии кишвар комёбиҳо таманно намуд.

    Пешравии назаррас дар рушди қонунгузорӣ ва тартиби интихобот дар Ӯзбекистон махсусан қайд карда шуд.

    Ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи ИДМ баррасӣ шуданд.

    Раҳбари давлатамон пайравии Ӯзбекистонро ба амиқгардонии ҳамкории амалӣ дар фазои Иттиҳод, пеш аз ҳама дар самти иқтисод таъкид кард.

    Аз ҷумла, ба татбиқи созишномаҳо оид ба натиҷаҳои ҳамоиши ҷашнии Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳамин моҳ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates