Дар оғози мулоқот роҳбари давлат сарвари ин ниҳоди бонуфузи бисёрҷонибаи молиявиро ба муносибати оғози фаъолият дар вазифа самимона табрик гуфт.

Масъалаҳои амалии густариши шарикии стратегии Ӯзбекистон бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

Солҳои охир ҳамкории бисёрсамта бо бонк босуръат рушд мекунад. Ҳаҷми бастаи ҷорӣ ва ояндадори лоиҳаҳои муштарак аз 7 миллиард доллар гузаштааст. Танҳо дар соли гузашта ҳаҷми маблағгузорӣ беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод.

Президенти Ӯзбекистон зарурати тавсеаи ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дастгирии бахши хусусӣ, соҳибкории занон ва ҷавонон, таҳия ва пешбурди лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, мусоидат ба татбиқи барномаи кам кардани камбизоатӣ, энергетикаи алтернативӣ, самарадории энергия, таъмини об ва рушди хидматрасониҳои иҷтимоиро таъкид намуд.

Ҳамчунин аҳамияти иштироки фаъолонаи БОСИ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ зикр гардид.

Дар навбати худ, Тсзоу Тсзяи доираи дигаргуниҳоро дар кишвари мо баланд арзёбӣ карда, омодагии худро барои идомаи дастгирии ҳамаҷонибаи барномаи ислоҳот, ки дар Ӯзбекистони Нав татбиқ мешаванд, баён намуд.