Президенти Ӯзбекистон густариши минбаъдаи табодули фарҳангиро бо Озарбойҷон маъқул донист

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 июн вазири маданияти Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Каримлиро, ки дар доираи гузаронидани чорабиниҳои Рӯзҳои маданияти Озарбойҷон дар мамлакати мо қарор дорад, қабул кард.

    Дар оғози мулоқот Адил Каримлӣ саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба сарвари давлатамон расонд.

    Масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ўзбекистону Озарбойҷон, аз он ҷумла дар соҳаи афзалиятноки башардӯстӣ баррасӣ шуданд.

    Роҳбари кишварамон бо қаноатмандии амиқ дар солҳои охир фаъол шудани мубодилаи фарҳангиро қайд кард.

    Аз аввали соли равон дар Боку Рӯзҳои илм ва фарҳанги Ӯзбекистон, намоишгоҳ ва нахустнамоиши балети миллии “Лазгӣ” бомуваффақият баргузор шуданд.

    Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон, ки имрӯз оғоз шуд, муаррифии китоби шоир ва мутафаккир Муҳаммад Физулӣ баргузор шуд. Баргузории намоишгоҳҳо, намоиши асарҳои саҳна ва дигар чорабиниҳо низ ба нақша гирифта шудаанд.

    Аҳамияти идомаи муколамаи пуршиддат ва барномаи ғании чорабиниҳои фарҳангӣ дар асоси “харитаи роҳ”, пешбурди ташаббусу лоиҳаҳои муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ЮНЕСКО, ТУРКСОЙ ва АЙСЕСКО таъкид шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates