Президенти Ӯзбекистон ҳайати Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 октябр роҳбари Хадамоти раведкаи хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Орхан Султоновро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, қабул кард.

    Дар оғози мулоқот сарвари идораи Озарбойҷон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба роҳбари кишварамон расонд.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иттифоқӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Озарбойҷон дар заминаи татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

    Робитаҳои пуршиддат ва табодули судманд дар сатҳҳои гуногун, афзоиши бемайлони тиҷорат ва сармоягузории мутақобила ва иқдомоти ҷонибҳо ҷиҳати дастгирӣ ва суръат бахшидан ба лоиҳаҳо ва чорабиниҳои ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд.

    Ба аҳамияти таҳкими ҳамкории зичи байниидоравӣ ва ҳамоҳангсозии муассири хадамоти махсус дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва радикализм, киберҷинояткорӣ ва дигар чолишҳои муосири амниятӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

    Масъалаҳои вусъат додани ҳамкории амалӣ, ки ба расондани кумак ба иқтисодиёти Афғонистон нигаронида шудаанд, низ муҳокима шуданд.