Президенти Ӯзбекистон раиси Парлумони Озарбойҷонро қабул кард

    Ҳукумат 1 Aprel 2022 2796

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 апрел раиси Миллий Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафароваро қабул кард, ки ба мамлакатамон ташриф овардааст.

    Роҳбари парлумон ба пешвои Ӯзбекистон барои истиқболи гарм арзи сипос намуд, шодбошии самимӣ ва беҳтарин таманноҳои Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонд.

    Зимни гуфтугӯ таъкид гардид, ки пойгоҳи шарикии стратегии мамлакатҳоямонро решаҳои муштараки таърихӣ, забон, дин, маданият, анъана ва арзишҳо ташкил медиҳанд. Ба ин пойгоҳи мустаҳкам такя намуда, солҳои охир дар инкишофи ҳамкории дуҷониба ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

    Дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ – иқтисодиёт, сиёсат, алоқаҳои байнипарлумонӣ, маданият ва соҳаи иҷтимоӣ пешравӣ ба қайд гирифта мешавад. Робитаҳои зич, табдили ҳайатҳои расмӣ, намояндагони тиҷорат ва доираҳои ҷамъиятӣ дар тамоми дараҷаҳо ба вуқӯъ мепайвандад.Дар солҳои охир, сарфи назар аз пандемия табодули мол 4 маротиба афзуд. Аз аввали сол савдо 25 фоиз афзуд. Беш аз 200 корхонаи муштарак ба вуҷуд оварда шудааст.

    Ба чунин рушди мусбӣ инчунин роҳандозии шарикии зич ва бисёрҷанба байни порлумонҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон низ мусоидат намуданд. Бо мақсади минбаъд инкишоф додани ҳамкорӣ пурзӯр намудани ҳамкории низомнок ва мунтазами мақомоти қонунгузории ду мамлакат ногузир мебошад.

    Ҳамзамон, порлумонҳо чун намояндагони бевоситаи халқҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар пешбурди «дипломатияи мардумӣ», аз он ҷумла, аз тариқи пурзӯр намудани алоқаҳои байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, дастгирии лоиҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ бояд нақши муҳим дошта бошанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates